Интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон 65,1% коҳиш ёфт

Бонки марказии Русия маълумоти оморӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулии фаромарзӣ дар семоҳаи сеюми соли 2015-ро ба нашр расонид, ки тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ амалӣ шудаанд. Бино ба маълумоти ин ниҳод, семоҳаи сеюми соли 2015 тавассути ин низомҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 358 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 – 1 млрд. […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки марказии Русия маълумоти оморӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулии фаромарзӣ дар семоҳаи сеюми соли 2015-ро ба нашр расонид, ки тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ амалӣ шудаанд.

Бино ба

маълумоти

ин ниҳод, семоҳаи сеюми соли 2015 тавассути ин низомҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 358 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 – 1 млрд. 348 млн. $) маблағҳо интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 73,5% камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 9 моҳи соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА (9 моҳи соли 2014 – 3 млрд. 16 млн. $) маблағҳо фиристода шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2015 интиқоли мабалғҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 65,1% кам шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.