Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин сафар бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло ибни Зоид Оли Наҳён сурат гирифт.
Гуфта мешавад, зимни сафар вохӯриҳои С. Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло ибни Зоид Оли Наҳён, Валиаҳди Абӯ Забӣ, Муовини сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи ДАМА Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва дигар шахсони расмии ин кишвар дар назар аст.



