Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония

ASIA-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 декабр ба муносибати  солгарди Иди миллии Япония ба Императори ин кишвар Акихито барқияи табрикӣ ирсол намуд. Қобили зикр аст, ки Ҷашни зодрӯзи Императори амалкунандаи Япония Акихито ҳамчун Иди миллӣ дар ин кишвар таҷлил мегардад. Император 23 декабри соли 1933 ба дунё омада, аз замони сари тахт нишастани ӯ, ин […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 декабр ба муносибати  солгарди Иди миллии Япония ба Императори ин кишвар Акихито барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷашни зодрӯзи Императори амалкунандаи Япония Акихито ҳамчун Иди миллӣ дар ин кишвар таҷлил мегардад. Император 23 декабри соли 1933 ба дунё омада, аз замони сари тахт нишастани ӯ, ин сана ҷашни давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Япония ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.