Аз таркиши газ дар Нигерия беш аз 100 нафар фавтиданд

Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди гази ширкати Chikason Group дар шаҳри Нневии Нигерия беш аз 100 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Naij » хабар медиҳад. Гуфта мешавад, қурбониёни ин таркиш аксаран дар оташ фавтида, ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса соати 11-и рӯз рух додааст. Ҷабрдидагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол […]

ASIA-Plus



Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди гази ширкати Chikason Group дар шаҳри Нневии Нигерия беш аз 100 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Naij » хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, қурбониёни ин таркиш аксаран дар оташ фавтида, ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса соати 11-и рӯз рух додааст. Ҷабрдидагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.

Наҷотдиҳандагон аз сабаби зиёд будани алангаи оташ сари вақт натавонистаанд, ки ба корхона ворид шаванд.

Хабаргузории Reuters дар мавриди 4 фавтида ва 4 осебдида хабар додааст.

Зикр мегардад, ки таркиш ҳангоми пур кардани зарфҳои  газ ба амал омада, корхона пурра хароб гардидааст. Инчунин якчанд хонаи истиқоматии атрофи  корхона низ осеб дидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.