Имзои қонун дар бораи Пешвои миллат аз ҷониби президент

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ба имзо расонид. Ҳамин тариқ, ӯ якумра Пешвои миллати Тоҷикистон эълон шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат , ин қонун 9 декабр аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ба имзо расонид. Ҳамин тариқ, ӯ якумра Пешвои миллати Тоҷикистон эълон шуд.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, ин қонун 9 декабр аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

«Чунин унвон хоси кишварҳои пешрафт ва ҷомеаи фарҳангӣ буда, имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба назар мерасад», – қайд мешавад дар маълумот.

Дар идома зикр мегардад, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ин қонун нақши сарвари давлатро ҳамчун асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, рамзи пойдории давлатдории мустақили тоҷикон муайян мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан, Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад.

Барои тамоми сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳамаи тавсияҳои Пешвои миллат ҳатмӣ шуда, «мушкилоти муҳими дохилӣ ва хориҷӣ» дар мувофиқа бо ӯ ҳаллу фасл мешавад.

Барои ҳамаи амалҳои содиркарда замони сари ҳокимият будан, ба Пешвои миллат дахлнопазирӣ кафолат дода мешавад.

Мутобиқи моддаи 2-и қонун, боздошт, ҳабс ва кофтукови Пешвои миллат манъ аст. Ҳамчунин амволи манқулу ғайриманқули мутааллиқ ба Пешвои миллат ва наздикони ӯ дахлнопазиранд.

Тибқи қонуни қабулшуда, президент Эмомалӣ Раҳмон баъди аз мансаб рафтан, ба сифати Пешвои миллат дар пойтахт ва зодгоҳаш қароргоҳи худро хоҳад дошт.

Пешвои миллат тамоми умр таҳти муҳофизати мақомоти давлатии амният қарор хоҳад дошт. Оилаи ӯ низ таҳти муҳофизат қарор мегирад.

Бо анҷоми муҳлати президентӣ Пешвои миллат бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин мешавад. Хона ва бӯстонсаро дар ихтиёраш мемонанд. Пешвои миллат тамоми умр бо хизматрасонии тиббӣ таъмин мешавад.

Пешвои миллат дар ҳаҷми 80% аз маблағи умумии музди меҳнаташ бо нафақа таъмин мегардад.

Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.