Билети хатсайрҳои ҳавоӣ аз Душанбе хеле арзон шуд

Дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия, шумори мусофирон дар хатсайрҳои ҳавоии ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва талабот ба ин навъи хизматрасонӣ кам шуда, ба поинравии назарраси арзиши билетҳо дар хатсайрҳои ҳавоӣ боис гардид. Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон билети парвоз ба Маскав аз Душанбе ва бозгашт аз он ҷо 2,2 ҳазор […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия, шумори мусофирон дар хатсайрҳои ҳавоии ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва талабот ба ин навъи хизматрасонӣ кам шуда, ба поинравии назарраси арзиши билетҳо дар хатсайрҳои ҳавоӣ боис гардид.

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон билети парвоз ба Маскав аз Душанбе ва бозгашт аз он ҷо 2,2 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Бо фуруд омадан дар дигар нуқта метавон бо 2 ҳазор сомонӣ ҳам чунин рафтуомадро анҷом дод.

Нархи билети парвоз аз Душанбе ба Оренбург ва бозгашт аз он ҷо низ 2, 2 ҳазор сомонӣ, Краснодар – 2,5 ҳазор сомонӣ, Санкт-Петербург – 2,8 ҳазор сомонӣ (бо фурудоӣ дар нуктаи дигар – 2,4 ҳазор сомонӣ), Екатеринбург – каме бештар аз 3 ҳазор сомонӣ, Самара – 2,8 ҳазор сомонӣ ва Новосибирск – 2,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо 1 ҳазор сомонӣ метавон ба Бишкек парвоз карду аз он ҷо ба Душанбе баргашт. Арзиши билети равуо ба Алмаато ба – 1,8 ҳазор сомонӣ ва Истамбул – 3,3 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Барои равуо ба шаҳри Хуҷанд қариб 800 сомонӣ маблағ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори хатсайрҳо аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба Маскавро кам кардааст. Дар худи ширкат аз шарҳи ин масъала алҳол худдорӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.