Даргузашти муаллифи суруди «Республикаи ман»

Пас аз бемории тӯлонӣ оҳангсози маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов рӯзи 24 декабр дар синни 87-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович соли 1929 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуда, дар омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод ва Сталинобод таҳсил кардааст. Соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи Маскавро хатм карда, ҳамзамон дар факултаи назарияи оҳангсозӣ низ таҳсил […]



Пас аз бемории тӯлонӣ оҳангсози маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов рӯзи 24 декабр дар синни 87-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Сайфиддинов Шарофиддин Сангинович соли 1929 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуда, дар омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод ва Сталинобод таҳсил кардааст. Соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи Маскавро хатм карда, ҳамзамон дар факултаи назарияи оҳангсозӣ низ таҳсил мекард.

Аз соли 1962 узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Соли 1962 Консерваторияи шаҳри Тошкандаро хатм карда, тӯли солҳои 1960-1962 ба ҳайси директори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе кор кардааст.

Давоми солҳои 1962-1984 вазифаи раисии Иттифоқи оҳангсозони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс мегуфт. Академияи ҳунари мусиқӣ (Хуҷанд), феълан факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷандро таъсис додааст.

Миёни тамоми шеърҳое, ки оҳанг бастааст, суруди «Республикаи ман» бештар ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату  маъруфият овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.