Шиносоии президент бо рафти сохтмони масҷиди ҷомеъ дар пойтахт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахири ҳафтаи сипаришуда бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масҷиди ҷомеъ бо маблағгузории ҷониби Давлати Қатар бунёд мегардад. Санги нахустин барои сохтмони ин масҷид аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар […]



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахири ҳафтаи сипаришуда бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масҷиди ҷомеъ бо маблағгузории ҷониби Давлати Қатар бунёд мегардад. Санги нахустин барои сохтмони ин масҷид аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 – солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд ва лоиҳаи он аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар баъди омӯзиш ва таҳқиқу тадқиқ омода гардидааст.

Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ – пудратчии асосӣ Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “СТС – Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳои сохтмону ороиш дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.

Сарвари давлат бо назардошти анҷоми корҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъмории хоси марказҳои исломӣ дастур дод, ки коргарон барои иҷрои босифати корҳо талош варзанд ва соли 2018 – ум ин иншоотро ба истифода диҳанд. Ба андешаи Президенти мамлакат ин масҷид, ки бо тарҳи дар Осиёи Марказӣ нодир бунёд мегардад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки айни ҳол наздики 50 фоизи ҳаҷми корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.

Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Умуман ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.