Истиқболи ҷавонон аз қабули қонун дар бораи Пешвои миллат

Ба хотири дастгирӣ аз қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе аксияи ҷавонон пайрави «Пешвои миллат» доир гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар он наздики 4 ҳазор нафар донишҷӯёну ҷавонон аз маинтақаҳои гуноугуни ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. […]

ASIA-Plus



Ба хотири дастгирӣ аз қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе аксияи ҷавонон пайрави «Пешвои миллат» доир гардид.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар он наздики 4 ҳазор нафар донишҷӯёну ҷавонон аз маинтақаҳои гуноугуни ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Қобили зикр аст, ки ин аксияи ҷавонон баъди як рӯзи ба имзо расидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» доир гардида, нишони дастгирии насли ҷавони кишвар аз қабули ин қонун аст.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 декабр қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро

ба имзо расонид.

Ин қонун 9 декабр аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.