Манъи издивоҷи хешу таборони наздик дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи  худ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо дастгирӣ намуд. Мутобиқи ин тағйирот ба қонунгузорӣ, дар ҷумҳурӣ никоҳ миёни хешу таборони наздик манъ карда мешавад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд. «Минбаъд издивоҷ байни кӯдакони бародарон, кӯдакони хоҳарон, кӯдакони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ карда мешавад», – гуфт Салимзода.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, аз 1 июли соли 2016 пеш аз ақди никоҳ шаҳрвандон ҳатман аз муоинаи тиббии бепул мегузаранд. Минбаъд мақомоти САҲШ бидуни пешниҳоди чунин маълумотнома ба анҷом додани маросими ақди никоҳ ҳуқуқ нахоҳанд дошт.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, низ зимни бозгашт бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...