Манъи издивоҷи хешу таборони наздик дар Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи  худ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо дастгирӣ намуд. Мутобиқи ин тағйирот ба қонунгузорӣ, дар ҷумҳурӣ никоҳ миёни хешу таборони наздик манъ карда мешавад. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло […]



Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи  худ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо дастгирӣ намуд. Мутобиқи ин тағйирот ба қонунгузорӣ, дар ҷумҳурӣ никоҳ миёни хешу таборони наздик манъ карда мешавад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд. «Минбаъд издивоҷ байни кӯдакони бародарон, кӯдакони хоҳарон, кӯдакони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ карда мешавад», – гуфт Салимзода.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, аз 1 июли соли 2016 пеш аз ақди никоҳ шаҳрвандон ҳатман аз муоинаи тиббии бепул мегузаранд. Минбаъд мақомоти САҲШ бидуни пешниҳоди чунин маълумотнома ба анҷом додани маросими ақди никоҳ ҳуқуқ нахоҳанд дошт.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, низ зимни бозгашт бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.