Мурод Хол: Сарбанди кӯли Сарез ба ҳама гуна заминларза тобовар аст

Геологҳои тоҷик итминон медиҳанд, ки сарбанди табиии кӯли Сарез, ки ҳангоми заминҷунбӣ ба вуҷуд омадаасту ҳамчун сарбанди Усой маъруф аст, ба ҳама гуна заминларза тобовар аст. «Мо бо итминон гуфта метавонем, ки ҳеҷ як заминларза сарбанди кӯли Сарезро рахна карда наметавонад», – изҳор дошт ба журналистон сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол. Ӯ […]



Геологҳои тоҷик итминон медиҳанд, ки сарбанди табиии кӯли Сарез, ки ҳангоми заминҷунбӣ ба вуҷуд омадаасту ҳамчун сарбанди Усой маъруф аст, ба ҳама гуна заминларза тобовар аст.

«Мо бо итминон гуфта метавонем, ки ҳеҷ як заминларза сарбанди кӯли Сарезро рахна карда наметавонад», – изҳор дошт ба журналистон сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.

Ӯ заминларзаи харобиовари

моҳи декабр

дар наздикии кӯли Сарезро қайд карда, изҳор дошт, ки таъсири ин заминларза муддати то шаш моҳ эҳсос хоҳад шуд. «Маъмулан заминларзаҳо аз ду то шаш моҳ пурра хотима меёбанд. Қувваи даҳсолаҳо зери замин нуҳуфта дар як лаҳза бо қувваи бузург берун омада, сипас муддати шаш моҳ тадриҷан хомӯш мешаванд», – таъкид дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, муҳим он аст, ки бар асари заминларзаи моҳи декабр иловатан зич (ҷафс) шудани сарбанд сурат нагирифт, ки ба коҳиши покшавии об ва мутаносибан болоравии сатҳи об дар кӯл боис мегардад. «Агар чунин ҳолат сурат мегирифт, мо ба мушкилоти зиёд дучор мешудем», – мутмаин аст ӯ.

Мутобиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукуати ҶТ, бар асари ин заминларза як кӯҳпора (харсанг)-и бузург ба кӯли Сарез афтода, дар натиҷа сатҳи оби кӯл ба андозаи 40-50 сантиметр боло рафт. Ҳамчунин ҳаҷми маҷрои оби дарё, ки аз кӯл ҷорӣ мешавад, низ афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, таъсири заминларзаи моҳи декабр то ҳанӯз идома дорад. Ҳамин тариқ, 8 январ назди кӯли Сарез заминларза бо қувваи 3 балл ва соати 01-05-и имрӯз низ дар ин минтақа замин такон хӯрд.

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.