Барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. $ лозим аст

Барои пурра таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. доллари ИМА маблағ ва 85 сол лозим аст. Директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳамагӣ 57% аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд. «Ҳанӯз соли 2013 мо бо ҷалби ҳудуди 1,5 ҳазор нафар […]

ASIA-Plus



Барои пурра таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. доллари ИМА маблағ ва 85 сол лозим аст.

Директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳамагӣ 57% аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд.

«Ҳанӯз соли 2013 мо бо ҷалби ҳудуди 1,5 ҳазор нафар мутахассисон муддати се моҳ масъалаи таъмини 43% боқимонда аҳолии кишвар бо оби ошомиданиро омӯхтему таҳқиқ кардем ва хулосаҳоямонро ба ҳукумат пешниҳод намудем», – гуфт ӯ.

А.Исломзода таъкид намуд, ки агар ҳамасола 54 млн. доллари ИМА ҷалб ва азхуд карда шавад, мутаносибан барои ин кор беш аз 2 млрд. доллари ИМА ва 85 сол лозим аст.

«Мо тасмим гирифтем, ки Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис бидиҳем, то ки ба он воситаҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ҷалб карда шаванд. Чанде аз ниҳодҳо имкон ва муҳимаш хоҳиш доштанд, ки ба ин фонд воситаҳо пешниҳод намоянд, аммо Вазорати молия аз ин воситаҳо даст кашид, зеро дар баробари грант дар он қарз ҳам вуҷуд дошт», – гуфт директори корхона.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки давоми соли равон Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.