Ифротгароён сомонаи Вазорати маорифро рахна карданд

Гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро тахриб намуданд. Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор кардаанд. Дар ин бора CA-NEWS хабар медиҳад. Хабаргузорӣ менависад, зимни кушодани сомона бо суроғаи www.maorif.tj аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро тахриб намуданд. Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор кардаанд. Дар ин бора CA-NEWS хабар медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, зимни кушодани сомона бо суроғаи

www.maorif.tj

аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони Русия ва кишварҳои ҷонибдори «сохти ҷиноятпешаи Башар» маълумот пайдо мешавад. Тахрибкорон ҳамчунин аз низомиёни рус даъват мекунанд, ки ба «хароб намудани оилаву манзилҳо, мактабу бемористон» ва «қатли мусалмонон дар Сурия ва Чечченистон» хотима бахшанд.

Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воқеъан ҳам шаби 13 январ сомонаи вазорат мавриди ҳамла қарор гирифт. «Мо бори нахуст ба ин ҳолат дучор мешавем. Айни замон кормандони техникии Вазорат рӯйи рафъи ин мушкилӣ машғули коранд ва ояндаи наздик фаъолияти сомона барқарор мешавад», – гуфт ӯ.

Пас аз интишори маълумот дар бораи ҳамла ба сомона саҳифа бо даъвати хакерҳо дигар пайдо нашуда, саҳифа иштибоҳро нишон медиҳад.

Тибқи баъзе маълумот, тахрибкорони сомонаи Вазорат ба гурӯҳи ифротгарои «Ҷундуллоҳ» мансубанд, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.