Омӯзиши имомхатибон бо тарзҳои шинохти ифротгароён дар масҷидҳо

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишии такмили ихтисос оид ба шинохти ифротгароён ва террористон миёни ибодаткунандагони масҷидҳоро баргузор мекунад. Дар суҳбат бо «Азия-Плюс» роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар ин робита гуфт, дар доираи ин курсҳои омӯзишӣ намояндагони ташкилотҳои […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишии такмили ихтисос оид ба шинохти ифротгароён ва террористон миёни ибодаткунандагони масҷидҳоро баргузор мекунад.

Дар суҳбат бо «Азия-Плюс» роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар ин робита гуфт, дар доираи ин курсҳои омӯзишӣ намояндагони ташкилотҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон ва равоншиносону ҳуқуқшиносон имомхатибонро бо рафтори ифротгароёну террористони имконпазир ҳангоми адои намоз ва дигар ибодатҳо ошно месозанд.

«Ғайр аз ин, ҳамаи имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон аз рафтору кирдори ҷонибдорони мазҳаби мо – мазҳаби сунниҳо хуб огаҳӣ дошта, худиҳоро аз бегона фарқ карда метавонанд», – қайд кард Шокиров.

Ӯ таъкид дошт, ки 2 ҳазору 543 нафар имомхатибон дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси солҳои 2013-2016 сатҳи дониш ва огаҳии худ дар самтҳои гуногунро такмил додаву баланд бардоштанд.

Ба ҷуз донишҳои динӣ, дар давраҳои омӯзишӣ имомхатибон аз ахлоқу маълумоти зарурӣ барои донистани Конутситутсия ва қонунҳои кишвар низ сабақ гирифтанд.

Ба имомхатибон тавсия дода мешавад, ки бо шахсоне, ки берун аз чаҳорчӯби муқарраркардаи мазҳаби суннӣ намозу мегузоранду ибодат мекунанд, ҷиҳати пешгирӣ суҳбатҳо гузаронанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.