Генерал Ҳабибов: Мо сохтмони масҷидро ба итмом расониданием

Суди шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбати собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибовро, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ба худсарона азхуд намудани қитъаи замин барои сохтмони масҷид дар минтақаи автовокзали пойтахт айбдор намуда буд, қатъ кард. Дар тафтишоти пешакӣ КДАМ зикр карда буд, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои соххтмони масҷиди намози панҷгона […]



Суди шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбати собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибовро, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ба худсарона азхуд намудани қитъаи замин барои сохтмони масҷид дар минтақаи автовокзали пойтахт айбдор намуда буд, қатъ кард.

Дар тафтишоти пешакӣ КДАМ зикр карда буд, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои соххтмони масҷиди намози панҷгона 1500 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда, Ҳабибов илова бар ин худсарона боз 135 метри дигарро низ барои истифода гирифтааст.

Дар қарори суди шаҳри Душанбе бо имзои судя А.Абдуғанизода гуфта мешавад, ин амали содиршуда дар соли 2013 ба ҷиноятҳои сатҳи миёна мансуб буда, аз ин рӯ, нисбат ба он қонун дар бораи афв татбиқ гардидааст.

«Истеҳсолоти минбаъда оид ба парванаи ҷиноӣ нисбати Ҳабибов Абдулло бар асоси моддаи 6, қ. 3-и қонуни ҶТ «Дар бораи афв» қатъ гардида, дар ин робита Ҳабибов аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад», – қайд мешавад дар қарори суд.

Дар ҳамин ҳол, худи Ҳабибов иншооти мазкурро ба ихтиёри мақомоти шаҳрдорӣ супурданӣ будааст, вале онҳо онро қабул накардаанд, зеро иншоот нотамом аст.

Ба гуфтаи собиқ муовини вазири мудофиа, онҳо интизори қарори сохторҳои дахлдоранд, то ки сохтмони масҷидро ба итмом расонанд. «Агар иҷозат шавад, мо сохтмони масҷидро ба анҷом мерасонем, чунки аҳолӣ талабгори ба итмом расонидани он аст», – гуфт Ҳабибов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.