Натиҷагирии Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти Агентии зиддифасод

Таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли равон муайян карда шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҷаласа, ки бо ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии […]



Таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли равон муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҷаласа, ки бо ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба масалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор шуд, маърӯзаву ҳисоботҳои  муовини якуми директори Агентӣ Аламхон Наимӣ, сардорони Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ, Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иктисодии характери коррупсионидошта, раёсати тафтишотӣ, раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва ВМКБ шунида шуданд.

Гуфта мешавад, директори Агентӣ Рустами Эмомалӣ дикқати ҳайати шахсии Агентиро ба камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳо дод.

Зимнан зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки кормандони Агентӣ бояд дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии ҳукумати Тоҷикистонро софдилона иҷро намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.