ХФМ Русия: Дар як моҳ 3,8% аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карданд

Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти тоза (ба санаи 12 январи соли 2016) доир ба шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба нашр расонид. Тибқи маълумоти дар сомонаи расмии ХФМ интишоршуда, дар зарфи 1 моҳ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба миқдори 3,8% кам шуда, 862 ҳазору 321 нафарро ташкил […]



Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти тоза (ба санаи 12 январи соли 2016) доир ба шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба нашр расонид.

Тибқи маълумоти дар сомонаи расмии ХФМ интишоршуда, дар зарфи 1 моҳ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба миқдори 3,8% кам шуда, 862 ҳазору 321 нафарро ташкил додааст.

Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар – 4,1% кам шуда, айни замон беш аз 1 млн. 800 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Русия қарор доранд. Баръакс шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия дар як моҳ 2% афзуда, феълан ба 553 ҳазору 920 нафар баробар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2015 расмиёти узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом ёфта, аз ин замон дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон гирифтани иҷозатнома барои кор дар қаламрави ин Иттиҳод зарур нест. Муҳлати будубоши муҳоҷири корӣ ва аъзои оилаи ӯ бошад, ба муҳлати амали шартномаи муҳоҷири корӣ бо корфармо муайян карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.