Баррасии масоили ҳамкориҳои Душанбеву Кобул дар мубориза бо офатҳои табиӣ

Муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини раиси Кумита полковник Ҷамшед Маҳмадзода рӯзи 13 январ бо гурӯҳи корӣ аз Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидору гуфтушунид карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз масоили табодули […]



Муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини раиси Кумита полковник Ҷамшед Маҳмадзода рӯзи 13 январ бо гурӯҳи корӣ аз Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидору гуфтушунид карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз масоили табодули иттилооту таҷриба ёдовар шуда, Рустам Шоҳиён аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолият изҳори назар намуд ва кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистонро ба аҳолии зарардидаи ҷамоати Обиборики вилояти Бадахшони ин кишвар, ки дар пайи фаромадани ярч дар соли 2014 сурат гирифта буд, нишонаи возеҳи ҳамкориҳо арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, доктор Гулмуҳаммад Бедор, раиси вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни суханронӣ изҳори миннатдории мардуми азияткашидаи ин минтақаро ёдовар шуда, кумакҳои кишвари Тоҷикистонро, ки аз 200 тонна маводи зарурӣ иборат буд, яке аз аввалин кишвари дӯсту бародари кумакрасон қайд намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар интиҳои мулоқот миёни гурӯҳи корӣ баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.