Ифротгароён сомонаи Вазорати маорифро рахна карданд

ASIA-Plus



Гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро тахриб намуданд. Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор кардаанд. Дар ин бора CA-NEWS хабар медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, зимни кушодани сомона бо суроғаи

www.maorif.tj

аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони Русия ва кишварҳои ҷонибдори «сохти ҷиноятпешаи Башар» маълумот пайдо мешавад. Тахрибкорон ҳамчунин аз низомиёни рус даъват мекунанд, ки ба «хароб намудани оилаву манзилҳо, мактабу бемористон» ва «қатли мусалмонон дар Сурия ва Чечченистон» хотима бахшанд.

Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воқеъан ҳам шаби 13 январ сомонаи вазорат мавриди ҳамла қарор гирифт. «Мо бори нахуст ба ин ҳолат дучор мешавем. Айни замон кормандони техникии Вазорат рӯйи рафъи ин мушкилӣ машғули коранд ва ояндаи наздик фаъолияти сомона барқарор мешавад», – гуфт ӯ.

Пас аз интишори маълумот дар бораи ҳамла ба сомона саҳифа бо даъвати хакерҳо дигар пайдо нашуда, саҳифа иштибоҳро нишон медиҳад.

Тибқи баъзе маълумот, тахрибкорони сомонаи Вазорат ба гурӯҳи ифротгарои «Ҷундуллоҳ» мансубанд, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...