Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Аввали соли равон Русия вуруди 333 ҳазору 391 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро манъ кард. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нисбати онҳо Маскав вуруд ба қаламрави Русияро манъ кардааст, дар тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар саросари кишвар дастрас […]

Аваз Юлдошев



Аввали соли равон Русия вуруди 333 ҳазору 391 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро манъ кард. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нисбати онҳо Маскав вуруд ба қаламрави Русияро манъ кардааст, дар тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар саросари кишвар дастрас аст ва ҳамаи хоҳишмандон қабл аз сафар метавонанд бо он шинос шаванд.

Гуфта мешавад, соли гузашта мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 36 ҳазору 292 тоҷикистониёнро огоҳ кардаанд, ки вурудашон ба Русия манъ аст ва аз сафар худдорӣ намоянд.

Хадамоти муҳоҷират хотирррасон менамояд, ки соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.