Ҳукумати Қирғизистон шартнома дар бораи сарҳад бо Тоҷикистонро маъқул шуморид

Дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр маъқул шуморида шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири ин кишвар Аали Карашев, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр маъқул шуморида шуд. Дар ин бора


хадамоти матбуоти


ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири ин кишвар Аали Карашев, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад аст, изҳор доштааст, ки баррасии масъалаи аломатгузории сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон охири соли 1990 оғоз гардид.

«Лекин ҷонибҳо ба қарори ягона нарасиданд, солҳои 2000-ум корҳо дар ин самт идома ёфтанд, ин ҷараёни душвор аст, зеро омӯзиши маводи бойгонии чандин кишвар, ки дар харитаҳои топографӣ дарҷ шудаанд, зарур аст», – гуфтааст А.Карашев.

Ӯ таъкид доштааст, ки масъалаи аломатгузории сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон «ба туфайли гуфтушуниди сарони кишварҳои ҳарду кишвар дар моҳи майи соли 2013 ба пешравӣ муваффақ шуд».

«Аз 971 километри умумӣ Комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон 519,9 километри хатти марзи давлатиро мувофиқа карда, моҳи ноябри соли гузашта дар Бишкек тасмим гирифта шуд, ки санадҳои аломатгузории 519,9 километри зикршуда ба имзо расанд», – қайд кардааст А.Карашев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.