Сокини ноҳияи Рӯдакӣ занро дар дарё ғарқ кард

Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 11 январ бинобар сабаби  муноқиша бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, занро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху савор карда, ба ҳудуди деҳаи […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 11 январ бинобар сабаби  муноқиша бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, занро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху савор карда, ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва сипас лату кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас дар об ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.