Ашт: Зан куштори ҳамсарашро фармоиш додааст

Кормандони милитсия рӯзи 17 январ ба гумони даст доштан дар куштор зани 28-солаи сокини ноҳияи Ашт ва ҳамдеҳаи ӯ марди 47-соларо, ки қаблан бо моддаҳои 108 (таҳрири соли 1961) ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тафтишот муайян кардааст, ки онҳо бо маслиҳати […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия рӯзи 17 январ ба гумони даст доштан дар куштор зани 28-солаи сокини ноҳияи Ашт ва ҳамдеҳаи ӯ марди 47-соларо, ки қаблан бо моддаҳои 108 (таҳрири соли 1961) ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тафтишот муайян кардааст, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ шавҳари зан, марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳияро моҳи августи соли гузашта дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи фиреб барои таъмир намудани насоси обкашӣ ба дохили чоҳи чуқуриаш 4 метр дароварда, бо санг якчанд маротиба задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас гумонбаршудагон ҷасади мардро ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190” бор карда, ба ҳудуди заминҳои саҳроӣ мебаранд ва ба болои ҷасад сӯзишвории дизелиро пошида, оташ задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вақти ташхиси криминалистӣ қисми боқимондаи ҷасади марҳум дарёфт карда шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.