Кушта шудани фармондеҳи замоне маъруф Давлат Чолов дар Сурия

Давлат Чолови 45-сола, як тан аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки соли гузашта ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваст, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷангҳо алайҳи артиши Башор Асад дар Сурия кушта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба гуфти манбаъ, хешону наздикони Давлат […]

ASIA-Plus



Давлат Чолови 45-сола, як тан аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки соли гузашта ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваст, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷангҳо алайҳи артиши Башор Асад дар Сурия кушта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба гуфти манбаъ, хешону наздикони Давлат Чолов аз кушта шудани ӯ огоҳ буда, барои ин мотам гирифтаанд.

Давлат Чолови 45-сола, бародари фармондеҳи дар гузашта маъруфи Фронти халқӣ Қурбон Чолов тақрибан 4 моҳ пеш бедарак шуда, он замон овоза шуда буд, ки ӯ ба сафҳои «Давлати исломӣ» пайвастааст.

Моҳи феврали соли 2014 Давлат Чолов зимни парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Ӯ ба ҷалби ҷавонон ба созмони террористии «Давлати исломӣ» айбдор карда шуд. Моҳи декабри ҳамин сол Давлат Чолов ҷарима шуда, ба озодӣ баромад.

Дар гузашта Давлат Чолов дар сафҳои Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон хизмат карда, то рутбаи ҳарбии майор расида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.