Дар масъалаи марз Тоҷикистон ба созиш бо Қирғизистон шитоб надорад

Ба ҳукумати Тоҷикистон то ҳол лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузоррӣ ва таъйини қисмате аз хатти сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон дар масофаи ҳудуди 520 километр пешниҳод нашудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳукумати Қирғизистон ин лоиҳаро маъқул шуморид. «Доир ба ин масъала мо алҳол ҳеҷ қароре қабул накардаем ва аз ин […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба ҳукумати Тоҷикистон то ҳол лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузоррӣ ва таъйини қисмате аз хатти сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон дар масофаи ҳудуди 520 километр пешниҳод нашудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳукумати Қирғизистон ин лоиҳаро маъқул шуморид.

«Доир ба ин масъала мо алҳол ҳеҷ қароре қабул накардаем ва аз ин рӯ ба ҳукумат ҳам чизе пешниҳод нашудааст», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон Акбар Ятимзода.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории ҳарду кишвар корҳои аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад бо Қирғизистон дар масофаи 519,9 километрро анҷом доданд. «Дар ин масофа баъзе қитъаҳои баҳсӣ мавҷуданд. Мо ба пешниҳоди маводи таҳияшуда ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат омодагӣ мегирем», – гуфт Ятимзода ва илова намуд, ки алҳол «санадҳои зарурӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории кишварҳо маъкул шуморида нашудаанд, то ки онҳо ба баррасии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод карда шаванд.

«Ҳаллу фасли ин масъала хеле душвор аст, ҷонибҳо машғули коранд ва ман бовар дорам, ки дар гуфтушунидҳои минбаъда корҳо дар ин самт идома меёбанд», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр

маъқул шуморида шуд

. Дар ин бора 

хадамоти матбуоти

 ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.