Зери таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ нархи манзили зист дар қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 50% поин рафт.
«Агар ду-се сол пеш як метри мураббаъ манзил дар қисмати марказии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ба 1,3 ҳазор доллари ИМА мерасид, пас имрӯз арзиши он аллакай то 650 доллари ИМА кам шудааст», – иброз дошт сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев.
Ӯ қайд кард, ки нархи манзили зист дар биноҳои истиқоматии рӯ ба рӯи Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи тиббӣ ва дигар мавзеъҳои қисмати марказии шаҳри Душанбе ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. «Дар дигар қисматҳои шаҳр қаблан нархи як метри мураббаъи манзил ба ҳисоби миёна 800 доллари ИМА ва айни замон ҳудуди 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт Қ.Файзуллоев.
Ба қавли сармеъмори пойтахт, ҳарчанд бар асари таъсири буҳрони моливу иқтисодӣ суръати сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт ба таври қобили мулоҳиза кам шуда бошад ҳам, аммо дар ҳеҷ кадоме аз сохтмонҳои оғозшуда дар ин давра корҳо қатъ нагардиданд.
Сармеъмори пойтахт таъкид дошт, ки таъсири буҳрон ба бахши шаҳрсозии кишвар то ҳол идома дорад. «Мутаассифона, буҳрон ба соҳае чун шаҳрсозӣ бетаъсир буда наметавонад», – афзуд номбурда.
Бино ба маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2015 дар кишвар беш аз 1,2 млрд. метри мураббаъ манзил мавриди истифода қарор гирифтааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 8,2% зиёдтар аст.





