Соли гузашта аз ҳама зиёдтар моҳиву арақ ва пойафзоли чармини мардона гарон шуд



Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла соли гузашта маҳсулоти ғизойӣ – 4,3%,  маҳсулоти ғайриғизоӣ – 7,8% ва хизматрасонии  пулакӣ ба аҳолӣ – 2,3% қимат шуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар байни маҳсулоти ғизойӣ аз ҳама бештар моҳии зинда (27,3%), арақ (қариб 25%), ярмаи қаробош (гречка) (19,5%), шакар (19,3%), орди гандуми навъи 1-ум (7,8%), нон аз орди навъи 1-ум (7,1%) гарон шудаанд.

Дар байни маҳсулоти ғайриғизоӣ нархҳо бештар ба пойафзоли чармини мардона (40%), крем барои ришгирӣ (25%), таҷҳизоти доруворӣ (24%), нашрияҳои ҳафтаина (15,8%) ва воситаҳои шсутушӯйӣ боло рафтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол поинравии нарх ба бензин ба қайд гирифта шудааст.

Дар байни хизматрасонии аҳолӣ тарифҳо нисбатан ба таъмири пойафзол (55%), дӯхтани сарулибоси занона (28%), хизматрасониҳои амбулаторӣ (14%), хизматрасонии хушкшӯйи (химчистка) (13,6%), хизматгузории устои сартарош ва ороиши мӯй (10%) ва арзиши сафар бо роҳи оҳан (3,9%) афзудааст.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, поинравии нарх ба сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Мизони таваррум дар соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное