То охири сол ҳамаи шаҳру маркази ноҳияҳо дорои нақшаи генералӣ мешаванд



Айни замон нақшаҳои генералии 32 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода рӯзи 21 январ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии ноҳияҳои Мастчоҳ (40% корҳо ба итмом расидааст), Бобоҷон Ғафуров (75%) ва ҳамчунин Ховалингу Фархор ҷараён доранд.

«Таҳияи нақшаҳои генералии ҳашт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – Панҷакент, Турсунзода, Мурғоб, Қумсангир, Хуросон, Панҷ, Зафаробод ва Шаҳристон пурра ба итмом расидааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаҳои генералии нуҳ шаҳру маркази ноҳияҳои кишвар – Ҷиликӯл, Дарвоз, Бохтар, Варзоб, Ашт, Сарбанд, Қайроққум, Ғончӣ ва Душанбе айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои таҳияи нақшаҳои генералии ҳафт шаҳру маркази ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ алҳол шурӯъ нашудааст. «Тибқи нақшаи Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд то охири соли 2016 омода ва мавриди тасҳеҳ қарор гиранд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное