Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллиро дастгир намуданд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, муайян карда шуд, ки дастгиршуда қаблан бо м. 375 КҶ ҶТ «Фирор» (аз қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат) суд шуда будааст, ва ба озодӣ баромада, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани маводи нашъаовар машғул шавад.
Гуфта мешавад, кормандони оперативӣ дар манзили шарики дастгиршуда кофтуков гузаронида, дар бағоҷи автомашина 13 баста бо маводи мухаддири афюн бо вазни умуиии 11 килову 675 граммро дарёфт ва мусодира намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани ҳамиштирокчиёни ҷинояти мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.



