Боздошти нашъаҷаллоби қаблан маҳкумшуда дар Панҷакент

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллиро дастгир намуданд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, муайян карда шуд, ки дастгиршуда қаблан […]



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллиро дастгир намуданд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, муайян карда шуд, ки дастгиршуда қаблан бо м. 375 КҶ ҶТ «Фирор» (аз қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат) суд шуда будааст, ва ба озодӣ баромада, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани маводи нашъаовар машғул шавад.

Гуфта мешавад, кормандони оперативӣ дар манзили шарики дастгиршуда кофтуков гузаронида, дар бағоҷи автомашина 13 баста бо маводи мухаддири афюн бо вазни умуиии 11 килову 675 граммро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани ҳамиштирокчиёни ҷинояти мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.