«Вавилон-Мобайл» ба пардохти қарзаш аз андоз шурӯъ кард

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷараёни марҳила ба марҳила пардохт шудани қарзи бисёрмиллионнаи ширкати «Вавилон-Мобайл» аз андоз идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба ин ширкат муяссар шуд, ки қарзҳои худро ҳамагӣ ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ пардохт кунад. «Айни замон қарзи […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷараёни марҳила ба марҳила пардохт шудани қарзи бисёрмиллионнаи ширкати «Вавилон-Мобайл» аз андоз идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба ин ширкат муяссар шуд, ки қарзҳои худро ҳамагӣ ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ пардохт кунад. «Айни замон қарзи софи «Вавилон-Мобайл» аз андоз (бидуни назардошти фоизҳо) то 324 млн. сомонӣ кам шуд», – иброз дошт номбурда.

Раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки гуфтушунидҳо доир ба пардохти ин маблағи қарз ва ҳамчунин муайян кардани фоизҳо идома доранд.

Қаблан Давлатзода дар бораи манфиатдории Кумитаи андоз ба фаъолияти мунтазами ширкат ва тадриҷан пардохт кардани қарзи мазкур изҳори назар карда буд.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли гузашта раҳбарияти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бори дигар дар баҳс миёни Кумитаи андоз ва ширкати «Вавилон-М»

рӯшанӣ андохта буд.

«Мо шикояти назоратии ширкатро баррасӣ намуда, қонунӣ будани амали Кумитаи андоз дар ин баҳсро муайян кардем», – изҳор дошта буд раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансурзода.

Ёдрас мекунем, ки директори генералии ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев, ки муддати сол баҳс бо Кумитаи андоз 

оид ба қарзи бисёрмиллионнаи ширкат аз андозро ҳаллу фасл мекунад

, аз Суди конститутсионии ҶТ посух гирифт. Ба ин мақомоти ӯ барои муайян кардани қонунӣ будани амалҳои мақомоти андоз муроҷиат кард.

Қаблан, моҳи июли соли 2014 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита 

изҳор намуда буд,

 ки қарзи ширкати «Вавилн-М» аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, бояд ин қарз қисм-қисм пардохта шавад.

«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳамаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», – зикр карда буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.