Ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Британияи Кабир дар Хуҷанду Душанбе

Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) рӯзи 25 январ вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт баргузор шуда, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот дипломати бритониёӣ изҳор доштааст, ки […]



Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) рӯзи 25 январ вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт баргузор шуда, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот дипломати бритониёӣ изҳор доштааст, ки моҳи апрели соли равон баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати худ Шариф Саид зикр кардааст, ки ПСС ҶТ баҳри мусоидат ба доир намудани ин чорабинӣ омода аст. Ӯ ҳамчунин ба меҳмонон доир ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои ояндадор дар бахшҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тандурустӣ, маориф, соҳаи бонкӣ, туризм ва ғайра маълумоти муфассал додааст.

«Британияи Кабир аз Тоҷикистон метавонад ба сифати долони транзитӣ барои ҳамлу нақли бору маҳсулоти хоҷагидориву ниёзи мардум ба Афғонистону Покистон пурсамар истифода кунад», – қайд кардааст Шариф Саид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.