Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 27 январи соли 2016 сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон А.Гасановро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон миннатдории раҳбарияти кишварро ба Ҳукумат ва мардуми Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларза дар ВМКБ изҳор намуда, паёми арзи сипоси Президента Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарвари давлати Озарбойҷон супурд.
Ҳамчунин дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, рӯзи 24 январи соли 2016 дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт маросими тақдими кумаки молиявии Бунёди байналмилалии хайриявии Кувайт барои бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба масъулони Бунёди хайриявӣ изҳори сипос намуд ва таъкид дошт, ки ин иқдом баёнгари пайвандҳои самимии бародарӣ ва дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мебошад.



