Ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Панҷ номи фармондеҳи «Алфа» гузошта шуд



Дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ 5 дидбонгоҳи нави замонавӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгох, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҷои дастурӯйшӯӣ, ҳаммоми замонавӣ иборатанд.

Гуфта мешавад, яке аз дидбонгоҳи навътасиси сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар маросими тантанавӣ бо гузоштани нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ ба номи ӯ гузошта шуд. Рустам Амакиев зимни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли гузашта ҳалок шуда буд.

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи генерал-майори ҳалокшуда раҳбарияти КДАМ, наздикони ӯ, марзбонон ва сокинони маҳаллӣ ҳузур доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное