Азхудшавии беш аз 260 млн. сомонӣ сармоягузории мустақим дар МОИ Тоҷикистон

Аз замони таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон (соли 2008) то инҷониб дар онҳо беш аз 260 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории мустақим азхуд шуданд. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳисоби фаъолияти ин минтақаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 20 млн. сомонӣ […]

ASIA-Plus



Аз замони таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон (соли 2008) то инҷониб дар онҳо беш аз 260 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузории мустақим азхуд шуданд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳисоби фаъолияти ин минтақаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 20 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Дар идома Давлатзод изҳор намуд, ки дар ҳамин ҳол, давоми ин солҳо барои бунёди зербинои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳудуди 2,8 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо гардидааст.

Муовини вазир қайд кард, ки айни замон аз чор минтақаи озоди иқтисодии дар саросари кишвар таъсисёфта дар сетоаш истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. «Ба аввали соли ҷорӣ дар ин минтақаҳо дар маҷмӯъ 62 субъект ба қайд гирифта шудааст», – афзуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.