Мулоқоти намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо сафири тозатаъини ИМА

Палатаи амрикоии савдо дар Тоҷикистон (AmCham) ахири моҳи январ бо намояндагони беш аз 40 ширкати пешрафтаи байнулмилалӣ ва маҳаллии аъзои Палата дар меҳмонхонаи «Серена» мулоқот барпо кард, ки дар он сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард низ ҳузур дошт. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи вохӯрӣ директори ин Иттиҳодияи тиҷоратӣ Илҳом Алиев ба ҳозирин […]

ASIA-Plus



Палатаи амрикоии савдо дар Тоҷикистон (AmCham) ахири моҳи январ бо намояндагони беш аз 40 ширкати пешрафтаи байнулмилалӣ ва маҳаллии аъзои Палата дар меҳмонхонаи «Серена» мулоқот барпо кард, ки дар он сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард низ ҳузур дошт.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи вохӯрӣ директори ин Иттиҳодияи тиҷоратӣ Илҳом Алиев ба ҳозирин роҷеъ ба ҳадаф ва дастовардҳои Палата маълумот дода, сафир Миллард муҳим будани рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъкид намуд.

Пас аз суханрониҳо иштирокчиёни чорабинӣ дар мисолҳои фаъолияти ширкатҳои худ атрофи масоили зарурати беҳбуди муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ ва роҳу воситаҳои беҳтар кардани муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ имкон доштанд, ки бо сафири тозатаъини ИМА дар вазъи ғайрирасмӣ гуфтугӯ кунанд.

Қобили зикр аст, ки Палатаи амрикоии савдо дар Тоҷикистон (AmCham), ки беш аз аз 50 ширкати пешрафтаи байнулмилалӣ ва маҳаллиро муттаҳид намуда, иттиҳодияи миллии кушодаи тиҷоратӣ мебошад, намояндагии худро дар Тоҷикистон соли 2009 боз кард. Самти асосии фаъолияти ин иттиҳодия беҳбуди муҳити озод ва мусоиди соҳибкорӣ ва пешниҳоди платформаи муколама ва табодули маълумот барои сохторҳои тиҷоратии кишвар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.