Оғози фаъолияти роҳбари нави СУТ дар Тоҷикистон

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 4 феврали соли 2016 бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Игор Поканевич дидору гуфтушунид анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, натиҷаи ҳамкориҳо ва роҳҳои татбиқи барномаву лоиҳаҳои минбаъда дар […]

ASIA-Plus



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 4 феврали соли 2016 бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Игор Поканевич дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, натиҷаи ҳамкориҳо ва роҳҳои татбиқи барномаву лоиҳаҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бар зидди бемории сироятӣ ва таъмини хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат роҳбари тозатаъини Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон расман нусхаи эътимодномаи худро ба  муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.