Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон дар зинаи 148-ум

Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 феврал ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 196 имтиёз зинаи 148-умро ишғол мекунад. Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад.  Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин  аст: Австралия – зинаи […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 феврал ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 196 имтиёз зинаи 148-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад.  Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин  аст: Австралия – зинаи 68-ум (510 имтиёз), Урдун – 82-юм (418 имтиёз), Қирғизистон – 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш – 177-ум (100 имтиёз).

Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март дар меҳмонӣ бо тими Австралия ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.