Оғози фаъолияти роҳбари нави СУТ дар Тоҷикистон



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 4 феврали соли 2016 бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Игор Поканевич дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, натиҷаи ҳамкориҳо ва роҳҳои татбиқи барномаву лоиҳаҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бар зидди бемории сироятӣ ва таъмини хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат роҳбари тозатаъини Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон расман нусхаи эътимодномаи худро ба  муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

spot_imgspot_img

Популярное