Ҳушдори Вазорати тандурустӣ ба афроди ба хориҷа сафардошта



Табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ Минҳоҷиддин Одинаев имрӯз дар робита ба бемории вируси «Зика» изҳор доштааст, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон барои инкишофи навъҳои гуногуни хомӯшакҳои интиқолдиҳандаи вируси Зика шароити мусоид мавҷуд набошад ҳам, аммо Вазорати тандурустӣ бо шаҳрвандони тоҷик ё хориҷӣ ба кишвар ворид шудани ин вирусро аз эҳтимол дур намедонад.

Ба гуфтаи табиб, барои чунин хомӯшакҳо маҳз намии тропикӣ зарур аст, ки дар мамлакати мо мавҷуд нест.

Ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар азми сафар доранду дар он хавфи сироят ёфтан аз ин вурус мавҷуд аст (сайёҳон, муҳоҷирон корӣ, кормандони дипломатӣ ва дигар афрод) тавсия дод, ки ҳанӯз то сафар барои шиносоӣ ва гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи пешгирии сироят ёфтан аз ин бемории хатарнок ба муассисаҳои дармонгоҳӣ ва пешгирӣ муроҷиат намоянд.

«Агар ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ риоя шаванд, вирус барои одамон хатарнок нахоҳад буд, ҳатто барои афроди иқоматдошта дар минтақаҳои паҳншудаи вирус», – мегӯяд Одинаев.

Ба гуфтаи ӯ, барои пешгириву эҳтиёт аз сироятёбӣ репеллентҳо ва тӯрҳои зидди хомӯшакҳоро мебояд истифода кард ва ҳамчунин сарулибосе ба бар доштан лозим аст, ки қисмати зиёди баданро пӯшонад ва ғайр аз ин, пеш аз хоб дару тирезаҳоро пӯшонидан зарур аст.

Ӯ қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аз ин вирус сироятёфта хатсайри ҳавоии мустақим вуҷуд надорад, вале ба ҳар ҳол, дар фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар таҷҳизоте мавҷуд аст, ки зимни вуруд ба қаламрави фурудгоҳ дарҳол инсонро муоина мекунад, аз ҷумла ҳарорати бадани ӯро муайян мекунад.

«Дар сурати бо ҳавопаймоҳо ворид шудани хомӯшакҳо, баъди ба фурудгоҳ нишастани онҳо, бо мақсади нобуд сохтани хомӯшакҳо тадбирҳои поку тамизсозӣ (дезинфесия)-и дохили ҳавопайморо анҷом додан зарур аст», – афзуд табиб.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, як ҳафта қабл Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кардааст, ки бемории сироятии “Зика” дар ҳоли паҳншавист. Маргарит Чан, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 28 январ дар нишасти намояндагони кишварҳои узви ин созмон хостори баргузории нишасти изтирории ин созмон барои мубориза бо вируси “Зика” дар оғози моҳи феврал шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное