Гумонбарии бародари роҳбари Хадамоти гумрук ба қаллобӣ



Зимни вохӯрии имрӯза бо рӯзноманигорон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор шуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ ба гумони қаллобӣ нисбати Наҷмиддин Саидов, бародари роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб идома дорад.

Моҳи октябри соли гузашта ВАО-и Тоҷикистон

иттилоъ доданд

, ки Н.Саидов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шудааст. Он замон сари маблағи аз 400 то 600 ҳазор доллари ИМА сухан мерафт.

Бино ба маълумоти он замон интишоршуда, Н.Саидов ин пораро аз як шаҳрванд ба ивази ваъдаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти гумрук гирифтааст.

Баъдтар бо қарори суд Н.Саидов, ки ба ҳайси роҳбари филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Данғара кор мекунад, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ба озодӣ баромад.

(Дар акс: роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб).

spot_imgspot_img

Популярное