Навбати дуюми МБГ Душанбе-2 то охири сол ба кор медарояд



Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 ахири соли равон дар назар аст.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот босуръат ҷараён доранд.

Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 алҳол 100 мегаваттро ташкил медиҳад.

«Иқтидори истеҳсолии марҳилаи навбатии лоиҳа 300 мегаваттро ташкил дода, иқтидори умумии МБГ то 400 мегаватт мерасад», – таъкид доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 192 иншооти пойтахт пайваст шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2014 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи қарзи ҳукуматии имтиёзнок миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии Чин аз рӯи лоиҳаи «Сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2»-ро тасдиқ намуд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур «Эксимбонк»-и Чин дар ҳаҷми 331,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное