Дар шаҳри Душанбе маросими тақдими бинои навбунёдшудаи беҳдоштию санитарӣ аз ҷониби Сафорати ИМА ба баталйони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, иншооти мазкур иборат аз ҳоҷатхона, ҳаммом, утоқи дастурӯшӯӣ бо мақсади тамрин ва омодагии аскарони баталйон барои хизмати минбаъдаашон дар вазифаи дастгирии амалиётҳои сулҳовари Созмони Миллали Муттаҳид сохта шудааст.
Гуфта мешавад, маблағгузории лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 250 ҳазор доллари ИМА аз кӯмаки бебозгашти барои мусоидат дар таъмини амният дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиётҳои сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (GPOI) ҷудо карда шуд.
Аз соли молиявии 2009 дар доираи GPOI ба Тоҷикистон дар маҷмуъ ба ҳаҷми 6,6 миллион доллари ИМА кӯмак расонида шуд ва маблағгузории миёнаи солона тақрибан ба 825 ҳазор доллари ИМА баробар аст.
Дар доираи ин кӯмак давраҳои омӯзишӣ ва машқҳои мухталиф гузаронида шуду таҷҳизот ва кӯмак барои рушди инфрасохтор, кӯмак барои таъсиси синфи омӯхтани забони англисӣ дар баталиони сулҳҷӯёна дастрас шуд.





