Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии кишварро баррасӣ мекунанд, ки дар онҳо пурзӯр шудани чораҳои ҷавобгарии ҷиноӣ барои даст доштан дар муомили ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар тағйироту иловаҳо пурзӯр шудани масъулияти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо афзоиши ҳаҷми ҷарима ва ҳамчунин муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва мусодираи асъор, ки ғайриқонунӣ ба муомилот бароварда шудааст, пешбинӣ мешавад.
Вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тасҳеҳу иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси гумрук ва ба қонун «Дар бораи амният»-ро низ баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар бораи «Тағйироту илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ»-ро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.



