Мусоидати БОР ба муҳайё сохтани муҳити мусоид барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон



Намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод кард, ки самтҳои асосии шарикиро ҷиҳати мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон муайян кунад.

«Дар самти амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ бо такяи бештар ба муҳайё сохтани муҳити мусоид барои сармоягузорони имконпазир, БОР бо ҳукумати Тоҷикистон мудом дар робитаву ҳамкорӣ аст», – изҳор доштааст намояндаи домии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю зимни вохӯрӣ бо раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид.

Зимни мулоқот намояндаи бонк ба масъалаи бо кумаки ПСС ҶТ муайян кардани самтҳои асосии шарикӣ ҷиҳати мусоидат ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, густариши савдо ва ҷалби сармоя бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкорӣ дар бахши ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, соҳибкории инфиродӣ, омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бонки осиёгии рушд яке аз ниҳодҳои асосии молии мададрасон ба Тоҷикистон маҳсуб ёфта, то имрӯз барои Тоҷикистон кумакҳо ба маблағи ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумаки техникиро маъқул шуморидааст.

Соли 2015 БОР ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро тақрибан ба миқдори 20 млн. доллари ИМА афзуда, барномаи кумаки солонаи нақшавиро то 79 млн. доллари ИМА зиёд кард.

Охири соли гузашта БОР тарҳи индикативии кумак ба Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2018-ро нав кард. Ҳаҷми умумии индикативии сармоягузорӣ дар муддати се сол тибқи нақшаи тиҷоратӣ беш аз 240 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное