Табодули назар миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо оид ба вазъи Афғонистон



Дар шаҳри Брюссел рӯзи 15 феврали соли 2016 вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, изҳори назар намуданд.

Гуфта мешавад, мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд.

Зикр мегардад, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи зикргардида Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное