Зимни вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев қайд гардид, ки Вазорати корҳои дохилии ҶТ омода аст, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамкорӣ намуда, дар ин самт бо Вазоратҳои корҳои дохилии Қирғизистон, Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ як қатор созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин зикр гардидааст, ки масъалаҳои ҳамкории мақомоти дахлдор дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар доираи ҷаласаҳои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзоёни СҲШ, Мушовараи якҷояи ВКД Федератсияи Россия ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра табодули назар карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар навбати худ Евгений Сисоев ба Рамазон Раҳимзода барои қабули самимона миннатдорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.



