Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони корхонаҳои зерсохтори КВД «Ангишт» ва дигар масъулини соҳа рӯзи 18 феврал оид ба масъалаҳои лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои
АМИТ «Ховар»
,таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони ангишт буда, самаранок истифода бурдани онҳо метавонад барои баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намояд.
Дар солҳои охир тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нишондиҳандаҳоро бамаротиб афзун кард ва дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишт дар соли 2015 ба 1 млн. 042 ҳазор тонна баробар шуда, талаботи иқтидорҳои саноатии бо ангишт фаъолияткунанда асосан таъмин гардид. Аммо натиҷаҳои миёнамуҳлати бадастомада наметавонанд иқтидорҳои нави саноатиеро, ки ба истифода додани онҳоро ҳукумат дар соли 2016 ба нақша гирифтааст, кафолат диҳанд, зеро тибқи нақшаи кории ҳукумат, бо назардошти дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани иқтидорҳои нави саноатӣ, талабот ба ангишт дар соли равон на камтар аз 1,7 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти кишвар то ба ҳол асосан бо усули косибӣ бо тарзи кушод истихроҷи ангиштро ба роҳ мондаанд ва калонтарин корхонаи саноатии кишвар «Фон-Яғноб», ки 60% ҳаҷми умумии истихроҷи ангишти кишварро таъмин месозад, то имрўз лоиҳаи коркарди кони ангиштро надорад. Боиси таассуф аст, ки аксарияти корхонаҳои дар ин самт фаъолиятдошта низ бо чунин тартиб кори худро ба роҳ мондаанд.
Вобаста ба ин муовини сарвазир изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бо чунин усул давом додани кор қобили қабул нест ва аз масъулини соҳа талаб кард, ки лоиҳакашӣ, барномарезӣ ва нақшаи рушди корҳои кўҳиро таҳия сохта, марҳила ба марҳила усули саноатии истихроҷи ангиштро дар конҳо роҳандозӣ намоянд.



