Боздошти боз як қочоқбари афғон дар Шуғнон



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар наздикии деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши убури марҳади давлатӣ боз як нафар сокини деҳаи Шидвучи улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтариматбуоти АНМН, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда як адад селофани полиэтилении дорои 1,1 кило маводи нашъаовари ҳашиш  дарёфт ва мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, инчунин ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як адад камераи автомашинаи боркаши калон бо чор адад бочкаҳои пластмасии рангашон зарди 20-литра ва як адад белчаи чӯбин дарёфт гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз тарафи кормандони Шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар ҷамоати Рангкӯл як адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст.

spot_imgspot_img

Популярное